Дидор, вожаи форсӣ ба маънои рӯъё ё “дидан” аст. Соли 1995 бори аввал Ҷамоати тоҷик аз Дидори мубораки Имоми Замон, ки онро наслҳо бесаброна интизорӣ мекашиданд, бархурдор гардид. Бисёриҳо масофаҳои тӯлониро паси сар карданд, то ки ба дидоргох расанд.
Дидор Мародасейнови 29-сола мегӯяд: «Ман кӯдаки навзод будам, аз ин рӯ, аз он вақт чизе ба ёд оварда наметавонам. Аммо аз рӯйдодҳое, ки аҳли хонаводаам ба ман нақл карданд, модаркалонам бар хилофи майл, хоҳиши қавии худро барои иштирок дар мулoқoт вогузошт, то маро нигоҳубин кунад ва модарам ба мулоқот равад, зеро ман танҳо чандрӯза будам.»
Аз он баъд он рӯз дар миёни ҷамоати тоҷикистонӣ бо номи "Рӯзи нур" маъруф аст. Ҷамоати Тоҷикистон он рӯзро ба унвони рӯзе, ки дар он рӯшноӣ бар Бадахшон ворид шуд, тавсиф мекунад ва солгарди онро ҳар сол 24 ва 25-уми моҳи май хурсандона истиқбол мегирад.
Сафари нахустини Мавлоно Хозиримом ба Тоҷикистон он замон ба вазъияти ниҳоят ҳассос баробар омад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, ки Тоҷикистон аз соли 1924 дар ҳайати он қарор дошт, Ҷумҳурии соҳибистиқлол гардид.
Ҷанги шаҳрвандие, ки аллакай соли 1992 оғоз гардида буд, ба сари мардуми кишвар рӯзҳои сахт овард. Ташрифи Имоми Замон баҳори соли 1995 ба минтақа умеди нав овард. Сулҳ соли 1997 ба даст омад, ҳамонгуна, ки Мавлоно Ҳозиримом он замон орзу мекард, ки «сулҳ бояд ба Тоҷикистон баргардад.»
Ҳамин тавр, 24-уми моҳи майи соли 1995 дар таърихи ҷамоат дар минтақа як саҳифаи нав кушод.
Писарон бо номи Дидор, духтарон бо номи Дидора ва дигар кӯдаконе, ки дар он вақт таваллуд шудаанд, таҷассумгари умедҳои ҷамоат ва хотираҳои нек барои онҳоеанд, ки дар дидор ҳузур доштанд. Пиронсолон ҳикоят мекунанд, ки чӣ гуна бо ворид шудани Мавлоно Ҳозир Имом ба макони мулоқот бо вазидани бод офтоб нурафшон шуд. Ин руйдодҳо барои пос доштани хотираҳо аз насл ба насл ҳикоят мешаванд.
“Аз замони расидани Ҳозиримом то замони рафтанаш қариб ҳама гиря мекарданд. Ин ашкҳои шодӣ буданд. Хурсанд будем, ки билохира бо Ҳозиримом мулоқот доштем. Бародарону хоҳарони афғонамон аз он тарафи дарё тамошо мекарданд, — ба ёд меорад Ашурова Муродбегими 68-сола аз Ишкошим. «Дар муддати тӯлонӣ бори аввал мо имкони дидани Имомро доштем. Мо якдигарро ба оғӯш гирифтем ва табрик кардем, ки Худоро шукр ба ин рӯз расидем».
Аз рӯи анъана, ҷашн субҳи барвақт оғоз мешавад, одамон ба кӯча баромада, гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешаванд. Онхо сару либоси миллй мепушанд, суруд мехонанд, таомҳои болаззат мепазанд. Аз ҳама даъват мешавад, ки дар ҷашн иштирок кунанд ва бо ҳам ғизо тановул кунанд. Инчунин дар боғҳо бо мусиқии анъанавӣ ва рақсу шеърхонӣ намоишҳо баргузор мешавад.
Аниса Алиназарова, сокини шаҳри Хоруғ, соли таваллудаш 1998, мегӯяд: «Волидайни ман борҳо ёдовар мешаванд, ки ҳазорон нафар аз шаҳри Хоруғ то дидоргоҳи Поршинев зиёда аз 15 километр роҳро пиёда тай карда, барои мулоқот рафтаанд. Аз шавқи Дидор роҳ ҳатто барои бузургсолон ҳам тӯлонӣ наменамуд, балки ҳар қадам лаззату сафои хоси худашро дошт. Хоса суруду мусиқии фазои роҳ лаззатро барои ҳар роҳрав дучанд ҳам менамуд."
Бархе исмоилиёни Тоҷикистон, ки ҳоло дар манотиқи дигари ҷаҳон ба сар мебаранд, ба ёди он хотира ба таҷлили Рӯзи Нур идома медиҳанд. Ҷамоатхо дар ИМА ва дигар минтақахо ба муносибати ин чашн якҷоя консертҳо, намоишгоҳҳои фарҳанги Помирӣ ва чорабиниҳои варзишӣ ташкил мекунанд. “Падару модарам мегӯянд, ки ин рӯзе буд, ки онҳо бори аввал Имомро диданд - онеро, ки наслҳо мунтазираш буданд, дар борааш мешуниданд, тасаввурот доштанд, вале садсолахо надиданд” - мегӯяд Шоҳрух Давлатмамадови 19-сола, ки зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Москва аст. “Барои мо, мисли волидони мо, он як рӯзи таърихӣ аст ва мо аз он ба монанди дигар ҷашнҳоямон хуш истиқбол менамоем, то шуълаи шамъи хотираи он рӯзи бузург ва фаромӯшнашуданӣ барои ҷамоатамонро ҳамчунон зинда ва шуълавар нигаҳ дорем.”
Мавлоно Ҳозиримоми маҳбубамон он рӯз - 25- уми моҳи майи соли 1995 хитоб ба ҷамоат фармуданд: “ ...Вақте ки ба ояндаи Тоҷикистон бо аҳолии гуногунаш менигарам ва вақте, ки ба уммати мусулмон менигарам, ба ин хулоса меоям, ки агар ҳар кадом ё ҳамаи ин мардумон бихоҳанд зиндагии беҳтаре барои худашон дар наслҳои оянда касб намоянд, бояд сулҳи комил дар ҷомеаҳо, дар наслҳои оянда ба даст оваранд ва чун мо мусулмон ҳастем бояд ихтилофотро бо сулҳе, ки ахлоқи мазҳабамон тарғиб мекунад ҷойгузин кунем... ”
Ин паёми сулҳ имрӯз беш аз пеш дархури замон аст.
Барои касоне чун Дидору Аниса, ки дар Хоруғ зиндагй мекунанд ва барои исмоилиёни тоҷик дар дигар минтақаҳои ҷаҳон, ҷашни Рӯзи Нур хотираҳоеро ба ёд меорад, ки дар қалби онҳо абадӣ хоҳанд монд.